Семинари омӯзишӣ оид ба талаботи бехатарии радиатсионӣ барои кормандони тиббии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарияти Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд (Филиали Агентӣ) дар соли 2021 нақша дошт, ки дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара ва ноҳияи Айнӣ семинарҳои омӯзишӣ оид ба талаботи бехатарии радиатсионӣ ва истифодаи бехатарии дастгоҳҳои рентгенӣ барои кормандони соҳаи тиб баргузор намояд.
Дар доираи семинари минтақавии омӯзишӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», «Дар бораи литсензатсиякунонии баъзе намудҳои фаъолият», «Нормаҳои бехатарии радиатсионӣ», «Қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ, ки ба таъмини амнияти радиатсионӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ гардиданд. Барномаи семинар бо Директори Филиали Агентӣ ва Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд мувофиқа карда шуда буд.
Тибқи нақша, баргузории семинарҳои омӯзишии минтақавӣ дар чор минтақаи вилояти Суғд пешбинӣ гардида, яке аз онҳо санаи 30 марти соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд, дар «Беморхонаи клиникии вилоятии Суғд ба номи С. Қутфиддинов» баргузор гардид. Дар семинар кормандони соҳаи тиб (табибони шуоъшинос ва лаборантҳои рентген) аз шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ иштирок намуданд.
Семинарро корманди илмии Филиали Агентӣ Адҳамов Акпар оғоз бахшид. Бо маърузаҳо Ашуров З. – сардори озмоишгоҳи радиологии вилояти Суғд, Мадҷидов Ҷамшеджон – сардори шуъбаи терапияи шуоъии Маркази онкологии вилояти Суғд, Муртазоев Анвар – физики тиббии шуъбаи терапияи шуоъии Маркази онкологии вилояти Суғд ва Исломов И.Н. – мутахассиси ғайриштатии соҳаи рентгенологияи вилояти Суғд баромад карданд.
Дар ҷараёни семинар ба иштирокчиён маълумоти муҳим дар бораи манбаъҳои шуоъдиҳии ионизкунанда пешниҳод гардид, инчунин варақаҳои иттилоотӣ оид ба истифодаи бехатари утоқҳои рентгенӣ, дастгоҳҳои рентгенӣ ва гузаронидани ташхисҳои рентгенӣ паҳн карда шуданд.
Барномаи семинар мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирифт:
Гузаронидани таҳқиқоти радиологии тиббӣ ва таъсири манбаъҳои шуоъдиҳии ионизкунанда ба саломатии инсон;
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи «Таъмини амнияти радиатсионӣ»;
Талабот ба сохтмон ва истифодаи утоқҳои рентгенӣ барои гирифтани хулосаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (МНДСЭ);
Талабот ба сохтмон ва истифодаи утоқҳои рентгенӣ барои таъмини амнияти радиатсионии кормандон ва аҳолӣ;
Усулҳои муолиҷаи бемориҳои саратон тавассути манбаъҳои шуоъдиҳии ионизкунанда;
Талабот ба литсензатсиякунонии баъзе намудҳои фаъолият;
Усулҳои таъмини амнияти радиатсионӣ ҳангоми кор бо манбаъҳои шуоъдиҳии ионизкунанда.
Ҳадафи асосии семинари омӯзишӣ – баланд бардоштани фарҳанги амнияти радиатсионӣ миёни кормандони соҳаи тиб, боло бурдани сатҳи огоҳии онҳо оид ба истифодаи утоқҳо ва таҷҳизоти рентгенӣ ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти радиологӣ ва роҳҳои ҳифзи кормандон аз манбаъҳои шуоъдиҳии ионизкунанда мебошад.
Дар оғоз ба иштирокчиён саволномаҳо (тестҳо) пешниҳод гардиданд, ки ба 53,8% саволҳо ҷавобҳои дуруст дода шуд. Дар анҷоми семинар, пас аз омӯзиш, ҳамон саволномаҳо такроран дода шуданд ва аллакай 84,7% ҷавобҳо дуруст буданд. Ин нишони он аст, ки семинар бо муваффақият баргузор гардидааст.
Дар интиҳои семинар директори Филиали Агентӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назаров Ҳ.М. ба иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақият орзу намуд.
Чунин чорабиниҳо тибқи нақшаи Филиали Агентӣ ва Раёсати тандурустии вилояти Суғд идома хоҳанд ёфт.
